Сабр ҳам сарҳад дорад! Ёхуд оромии марз бо Қирғизистонро кӣ замонат медиҳад?
нооромиҳову муноқишаҳои сарҳадамон бо Қирғизистон боиси нигарониву хавотиримон гардидааст. Аммо бояд зикр намуд, ки ин муноқишот дирўз ё имрўз сар назадааст.Вазъи муташанниҷ дар ин сарҳад, ки беш аз 30 идома меёбад, ба ростӣ ба ҷони мардумамон ҳам зад. Ин дарди сар кай хотима хоҳад ёфт? Касе ҳаст, ки ба ин суол посух бидиҳад?Комиссияи байни ҳукуматии ду ҷумҳурӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади ду давлати ҳамсоя аз соли 2000-ум кор мебарад.Маълум аст, ки марзи давлатҳо 987 километрро ташкил медиҳад. Беш аз нисфи ин сарҳад ҳануз манбаи баҳсу мунозара ва муноқишаҳо шуда меояд, ки ҳамаро хавотир месозад. Хусусан, мардуми чанд деҳоти ноҳияи Исфара гирифтори азият ва ҳисси нигаронӣ аз вазъи сарҳад аст.Агар ба солномаи ин муноқиша назар андозем, (соли 2011, ноябри соли 2016, июли соли…