Мазмұнға өту
Обложка сообщества Разное

Сабр ҳам сарҳад дорад! Ёхуд оромии марз бо Қирғизистонро кӣ замонат медиҳад?

нооромиҳову муноқишаҳои сарҳадамон бо Қирғизистон боиси нигарониву хавотиримон гардидааст. Аммо бояд зикр намуд, ки ин муноқишот дирўз ё имрўз сар назадааст.

Вазъи муташанниҷ дар ин сарҳад, ки беш аз 30 идома меёбад, ба ростӣ ба ҷони мардумамон ҳам зад. Ин дарди сар кай хотима хоҳад ёфт? Касе ҳаст, ки ба ин суол посух бидиҳад?

Комиссияи байни ҳукуматии ду ҷумҳурӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади ду давлати ҳамсоя аз соли 2000-ум кор мебарад.

Маълум аст, ки марзи давлатҳо 987 километрро ташкил медиҳад. Беш аз нисфи ин сарҳад ҳануз манбаи баҳсу мунозара ва муноқишаҳо шуда меояд, ки ҳамаро хавотир месозад. Хусусан, мардуми чанд деҳоти ноҳияи Исфара гирифтори азият ва ҳисси нигаронӣ аз вазъи сарҳад аст.

Агар ба солномаи ин муноқиша назар андозем, (соли 2011, ноябри соли 2016, июли соли 2018, март, сентябри соли 2019) муноқишаҳо алалхусус ду соли охир шиддат ёфтааст. Аммо аз оғози моҳи майи соли 2020 ин вазъи бурҳонӣ ба авҷаш расиданашро дидем. Аз ин боис ба некбинӣ, ҳаллу фасли сулҳомези ин муноқиша ҳисси оптимизро шахсан ман надида истодаам.

Аз ҳама бадаш дар ин маврид истифода аз силоҳи оташфишон истифода шуда, боиси марг ва ҷароҳати ҷисмонии шаҳрвандон ва марзбонон мегардад. Ҳаллу фасли сулҳомези ин мушкилот қабл аз ҳама ба сарони ду давлати ҳамсоя ва сарварони қўшунҳои сарҳадӣ вобаста аст. Худо накунад, ки барои ҳалли муноқиша роҳу чораи охирин, усули низомӣ (ҳарбӣ) пеш гирифта шавад.

Ба ҳайси журналист муноқишаҳои наздисарҳадии баъзи кишварҳои мухталифи дунёро зери мушоҳида ва таҳлил гирифта, мехоостам, ки илоҳо сарҳад ба сарчашмаи низоҷи калонтар нагардад.

Аммо аз хунрезиҳо, кирдорҳои ношоями марзбонон ва гуруҳҳои таҳти назорати хадамоти махсуси Қирғизистон аҳолии деҳоти Ворух ва Чоркўҳи ноҳияи Исфара ба дод омадаанд.

Дигар корд ва устухони онҳо расид, мардуми дарғазабшудаи Исфара дигар ба иғвою провокатсияҳо ва рафторҳои хиёнатгарона тоқат карда наметавонанд. Чанде пеш раҳбарони ҷамоатҳои ба ҳолати ночорӣ афтодаи деҳаҳои Ворух ва Чоркўҳ Меҳриниссо Раҳматова ва Абдухалил Шарипов ба мардум ҳушёр доданд, ки “агар зарур ояд, дигар мо нигоҳ карда намешинем, косаи сабрамон лабрез шуд, минбаъд чунин ҳол давом кунад, ҷазои ин қирғизҳои ҳамлагарро медиҳем”. Аз ин даъват мардуми деҳоҳом мавсуф руҳбаланд шуда, гуруҳҳои мусаллаҳ бо силоҳи шикориро созмон додаанд.

Чунин ҳаракатҳо оё пеши роҳи кирдорҳои хунрезонаи ҳукумати қирғизро гирифта метавониста бошад?! Қирғизҳо боз ба умри чандин шаҳрвандони Тоҷикистон зомин мешаванд?

Аз ин боис то ки ҷилави вазъият ба даст гирифта шавад, роҳи алтернативи ҳаллу фасли муноқишаро бояд ёфт. Аммо ба ин иқдом ки қодир аст, танҳо Худованди карим медонаду бас.

Каромиддин Акбаршо

0
0
373

Осы тақырып бойынша