Перейти к содержимому
Обложка сообщества Разное

Зиёратгохи Хоча Убайдуллох Ахрори Вали

Хоча Убайдуллох Ахрори Вали дар дехаи Богистони Ноҳияи Бўстонлиқи вилояти Тошканд ба дунё омадаас. Дар талабномашон аз тарафи падар ба яке аз чаҳорёрон, ки номашон Абубакр Сиддиқ (632-634), аз тарафи модар бошад, ба чаҳорёрон дуюм Умар Ибн а – Хаттоб рафта мерасад.

Хоча Убайдуллох Ахрори Вали яке аз донишмандони мусаввифи олами ислом ба ҳисоб меравад. Ў то давраи худ, ки аз тарафи гузашта ғояҳое, ки эътироф шудааст, пурра аз худ, карда роҳи ин тариқатро зина ба зина тай кард. Сир ва асрорҳои илми ботиния зоҳириро пурра аз худ мекунад. Бузурги Ҳоча Аҳророи Вали дар ҳамин аст, ки дар симоиин шахс инсофу тавофиқ ғарибпарварию фақири, адлуинсонпарвари барин ғояҳои пешқадами дини ислом мучассам аст, ки таҳлили ҳодиса ва воқеаҳо, хулоса ва натичаро ба воситаи усули лаб дида баён мекардаанд. Дар асл бошад, кашфиёт ва кароматҳоро дар хоб аён шуд гўён таъбир менамуданд. Бинобар ин ба ин зоти шариф валоятро нисбат дода Хоча Аҳророи Вали эътироф кардан. Номи аслии ин шахс Убайдуллоҳ буда Аҳрор лақабаст, ки маъноҳои ҳур ва оличанобро дорост. Дар таърихи ислом 356 – нафар авлиё эътироз шуда бошад, фақат сеи онҳо ба сифати “Қутб ул Ақтоб” сазовор шудаанд, ки якеи онҳо Хоча Аҳрори Вали бо ҳисоб меравад. Давраи чавонии Хоча Аҳрор дар Тошканд гузашта аз давраи мактаби меҳрашон нисбати мутоилаи китоб баланд буд.

Аз алломаҳои Тошканд Абубакр Паффорол Шоми Шайх Хованди Тохур. Шайх Зайниддин пуйғорифанҳоро эътиром карда, доимо зиёрати қадри онҳиро чоиз донистаанд.

Аз манбаҳои таърихи маълум, ки Хочи Аҳрор бо шаҳзодаҳои Темури муносибати дўстона дошта аввал як муддат дар Самарқанд, сонитар дар Ҳирот умр ба сар бурданд. Аз аллома то бо мо “ Рисолаи Волидайн”, (Рисолаи Падар модари), “Фақир ул офарин” омада расидааст.

Хочи Ахрор умр дар деҳаи Камангарони ноҳияи Ургут зиндаги ва эчод кардааст. Гарчанд, ки баъди вафоти алома дигарчои Самаркқанд мадфун бошад ҳам қабри рамзии Хоча Аҳрор дар Камангарон чойгир шудааст. Дар ҳоли ҳозир қабри Хоча Аҳрори Вали зиёратгоҳи аҳли мусулмоно аст, ки бо ихлоси том зиёрат мекунанд.

0
0
481

Еще по теме

Зиёратгохи Хоча Убайдуллох Ахрори Вали - Yvision.kz